БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

АНДЕША. Чи тавре ки маълум аст, дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки  ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҷавонон қишри аз  нигоҳи сиёсиву мафкуравӣ фаъол ва созандагони фардои ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ба ҳамин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷаҳонбиниву баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ҳавасманд буда, ба таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мусоидат мекунад.

Мо ҷавононро мебояд дар дили хеш ҳисси баланди миллӣ дошта, худшиносу худогоҳ бошем ва сазовори боварии давлату Ҳукумат, Ватан-Модар, ба сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, бо ободкориву созандагии худ Тоҷикистонро машҳури дунё гардонем. Ғамхориву меҳрубониҳои падаронаи Пешвои миллатро нисбати насли ҷавону ояндасоз ба инобат гирифта, мо насли ҷавон барои рангину зебо намудани давлати навину тозаистиқлоли хеш талош хоҳем кард.

Ғафуров Сайдамир, узви гурӯҳи таҳлилии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg