ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» бахшида ба Рӯзи кӯдакон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Зимни боздид аз маҳсули меҳнати дастии ҳунармандон масъулини Кумитаи иҷроия бо ҳунармандон суҳбат намуда, қайд карда шуд, ки ҳунарҳои мардумӣ чун неъмати бебаҳост, ки тӯли қарнҳо бо талошу заҳмат ва муҳаббати самимӣ ниёгони мо онро зинда нигоҳ дошта, имрӯз ба мо расидаанд. Пас вазифаи якояки мо шаҳрвандон аз он иборат аст, то ин ҳама мероси фарҳангиро хуб нигоҳ дорему бо таҳкиму рушд бахшидан, онро ба наслҳои минбаъда мерос гузорем.