НОРАК. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак аз ташкилоти ибтидоии “Обтаъминкунӣ” дидан намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз намояндагони ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба чанд нафар кормандони ташкилоти болозикр шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.