АНДЕША. Тоҷикистони озоди мо дар 29 соли даврони истиқлолияти давлатии худ, дастовардҳои зиёде дорад. Аммо беҳтарин ва бузургтарини онҳо ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ мебошад. Тамоми комёбиҳои то ба имрӯз ба даст омадаи миллат аз баракати ҳамин сулҳу оштӣ мебошад. Барои ҳар як фарди бонангу ори миллат зарур ва лозим аст, ки аз таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон сабақҳои даркорӣ гирем ва дигар ба иштибоҳи солҳои навадум карда будем ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳем, онро ҳаматарафа омӯзем ба насли наврас фаҳмонем, ки сулҳ кафил ва омили таъмини амнияту давлат аст. Агар сулҳ набошад аз куҷо мо метавонем оилаи солим дошта бошему фарзандони солиму солеҳ . Пешвои муаззами миллати тоҷик ба рӯзгори миллати тоҷик баҳору сулҳу салоҳ овард. Худованд бо ӯ ба мо пайки созишу сулҳу наҷотро фиристод. Ба қавли адиби зиндаёд Устод Лоиқ Шералӣ
Раҳми Парвардигори мо омад
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкорӣ мо омад.
Пешвои муаззами миллат саҳифаҳои парокандаи таърихи миллатро бо ҳам овард, номи миллатро дар арсаи байналмилалӣ шиносонид.
Ман ин санаи барои миллат муборакро бароятон дар шахсияти Шумо ба ҳамаи ҳамватанонамон муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки дар дилу дидаи ҳар як сокини ин Ватан ҳамеша ваҳдат, меҳру муҳаббат ва садоқату пирӯзь бошад, ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои наҳсу фалокатбору фоҷиаборе, ки замоне ба сари миллати мо омада буд, такрор нашавад.
Раҳмон Муродов, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав