(Таассурот аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли кишвар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 21.05.2021)
АНДЕША. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва аз ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва қувваи пешбар пайваста ном бурда мешавад.
Бароям боиси ифтихор ва сарбаландӣаст, ки ҳамчун як ҷавон-муовини раиси Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъолу рушанфикр бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид, ҳузур доштам.
Бояд гуфт, ки солгарди “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” имсол ҳамчун рӯзи таърихӣ дар раванди давлатдориамон сабт хоҳад гардид. Зеро имсол таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Дар мулоқот Сарвари давлат ҷиҳати пешрафти иқтисодиву фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мубрами созандагиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва ҳар як суханони пандомезе, ки Пешвои миллат иброз доштанд, барои мо ҷавонон, намунаи ибрат буда, дарси ҳаёт, меҳанпарастиву миллатдӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани маҳбубамонро меомӯзад.
Мавриди тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ фаъолият намудани мутахассисони ҷавон беш аз солҳои пешин ба мушоҳида мерасад ва хушбахтона, сол то сол сафи ҷавонони фаъол меафзояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳоро равнақу ривоҷ бахшида, баҳри рушди тафаккури миллии ҷавонон тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Мулоқоте, ки бо ҷавонони кишвар доир гардид, дар ҳақиқат мо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, ҳар як суханони Ҷаноби Олӣ пандомез ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоятгару роҳнамои мо – ҷавонон аст.
Гузашта аз ин, ҳар як вохӯрие, ки Сарвари давлат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, хусусан, бо ҷавонон баргузор менамоянд, пайваста таъкидҳои бомавриду саривақтӣ месозанд. Ва ҳар як баромадҳои Пешвои миллат зимни фаъолият дастурамали созандае хоҳад буд барои ҳама гуна қишрҳои ҷомеа.
Яке аз таъкидҳои падаронаи Сарвари давлат зимни суханрониашон дар он буд, ки изҳор доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем”. Аз чунин суханони воло бори дигар эҳсос намудем, ки Сарвари давлат ҷавононро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, дар ҳама ҷабҳаҳо мо ҷавононро дастгириву пуштибонӣ менамоянд.
Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аввали худро Пешвои миллат 2-юми феврали 1993 баргузор намуд. Баъд аз мулоқоти аввалини Сарвари давлат таваҷҷуҳ нисбат ба ҷавонон бештар гардид. Имрӯз ҷавононро мебояд муқаддастарину азизтарин – яъне истиқлолият ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри ободии мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоянд.
Инчунин, Роҳбари давлат дар раванди суханронияшон вобаста масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон, раҳгум сохтани наврасону ҷавонон, ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандӣ, ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандони худ изҳори нигоронӣ намуданд.
Дар ин маврид изҳори нигаронӣ намудани Сарвари давлат шаҳодат аз он медиҳад, ки дар шароити имрӯза чунин масъалаҳо доғи рӯз буда, бояд ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилиҳои ҷомеа тамоми нерӯи худро равона созем.
Вобаста ба ин гуфтаниам, ки имрӯз барои ҷавонони саодатманди тоҷик ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст. Мебояд гуфт, ки барои ҷавонон то имрӯза даҳҳо барномаву санадҳои дардхӯрде қабул гардиданд, моро танҳо зарур аст аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, то мавқеи дурусти худро дар ҷамъият пайдо карда бошем.
Дар фарҷоми матлаб мехостам бори дигар ба ҷавонони мамлакат таъкид намоям, ки мо кушиш бар он дошта бошем то ҳамаи он таъкиду ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш намуда, пай ҷустуҷӯйи илму донишҳои муосир, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва тақвият бахшидани саводу маҳорати кориамон равона созем. Ва дар заминаи ин барои ободии Ватани аҷдодиамон саҳме гузошта бошем.
Мунаввараи Бозоралӣ, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб