![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG_20210527_091617.jpg?itok=H_Twbuhw)
ДАНҒАРА. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оқилона ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Баҳор бо сокинон вохӯриҳо доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқонии сокинон дидан намуда, иброз доштанд, ки имрӯз аҳолӣ барои таъмини худ дар мисоли картошка киштро дар заминҳои наздиҳавлигии худ хуб ба роҳ монда истодаанд, ки ин ҳама натиҷаи самаранок истифода бурдани ҳар порча замин мебошад. Ҳоло давраи ҳассосе мебошад, бояд дар ин давра тамоми аҳолии мамлакат ҳар як порча замини худро самаранок истифода бурда, ба ин васила саҳми хешро дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузорад.