ВОСЕЪ. Дар мактаб интернати №1 барои хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ гурӯҳи корӣ бо ҷавонони ин даргоҳ вохӯрӣ оид ба дастовардҳои ҷавонони соҳибистиқлоли кишвар дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо ҷавонон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ қайд намуд, ки Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.