
ВОСЕЪ. Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” таҳти унвони “Ҷавонӣ - айёми некномӣ” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ дар Гулбоғи ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сайру гашти оммавии ҷавонон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ҷавонон дар ин Гулгашти зебову замони сайркунон миннатдории худро ба Пешвои маҳбуби миллат расониданд, ки барои истироҳату фароғати онҳо чунин боғҳо ва гулгаштҳо муҳайё гардидааст ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ҷавонон дар муассисаву донишгоҳҳо илму дониш омӯхта, барои дар ҷаҳон боз ҳам парафшонтар намудани парчами давлатӣ саҳми худро мегузоранд.