ВОСЕЪ. Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чи дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Дар ин росто дар МТМУ №53-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо ҷавонони даврони соҳибистиқлол вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ маърӯзачиён оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба ҷавонон андешаронӣ намуда, вобаста ба пешгирии шомилшавии онҳо ба ташкилотҳои эктремистиву террористӣ суханронӣ намуданд.
Дар идома ҷавонон иброз доштанд, ки мо ҷавонон худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.