БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ЗИНДАГИИ ХУБ ФАРОҲАМ МЕОЯД

АНДЕША. Махсусан деҳқонону кишоварзон расонидани нуқтае, ки вазифаи онҳо ин ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ аст ва ҳамин низ нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. Дар ин замина деҳқон метавонад ба фурӯши маҳсулоти деҳқонии худ бе миёнарав машғул шуда, даромадашро боз ҳам бештар кунад. Дар айни замон деҳқонӣ кори ниҳоят даромаднок аст. Масъалан тибқи маълумотҳои раёсати  кишоварзии ноҳияи Восеъ аз 1га замин аз коштани пахта то ҷамъоварии ҳосили он ба ҳисоби миёна то 9-10 ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Ҳосили пахта аз заминҳои зархези мо аз 1га замин камаш то 3 тонна, яъне 30 сентнерро ташкил дода, нархи 1кг он ба 4,5-5 сомонӣ баробар аст. Яъне, арзиши пахта аз 1 га замин ба 13500-15000 сомонӣ баробар аст, ки фоидаи софи он тақрибан 5-6 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин  нишондоди камтарин аст. Ана  дар ҳамин 1 га замин агар боз картошка корида шавад,ба ҳисоби миёна 20 тонна ҳосил ғундоштан мумкин, ки агар бо нархи яклухт 3 сомонӣ ҳам нархгузорӣ шавад, 60000 сомонӣ арзиш дорад ва аз ин тақрибан беш аз 40 000 сомониаш фоидаи соф аст. Аз 1га замин се маротиба ҳосил гирифтан мумкин аст, ки ин  дар баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши калон бозида, масъалаи пурра ба ҷойи кор таъмин шудани аҳолӣ низ ҳал карда мешавад.

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg