БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ – ПОЯИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст. Масъалаи маориф ва таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ  ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан дар мавриди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ  дар сиёсати Сарвари давлат пазируфта шуд. Дар моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқи шаҳрвандони  кишвар ба таҳсил кафолат дода шуд. Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хосае дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим ғайри имкон аст. Аз ин рӯ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои ислоҳоту рушди он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир гардида истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон ҳануз аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи маорифро чун яке аз соҳаҳои аввалиндараҷаи  пешрафти ҷомеа мешуморад. Маҳз бо ташаббуси бевосита ва пайгиронааш  соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун аввалин санади меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа қабул шуд. Ин ҳуҷҷат принсипҳои асосии сиёсати давлатро дар соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас муайян намуд ва барои рушди ояндаи соҳаи маориф заминаи хубу мусоид  фароҳам овард.

Соли 2004 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро бо таҳрири нав қабул намуд, ки он ҳам  барои рушди устувори таҳсилот дар кишвар нақши басо созгорро  асос гузошт. Ин санади муҳим барои таҳияи лоиҳаи дигар қонунҳо дар самти маориф  роҳ кушод ва барои инкишофи минбаъдаи маънавиёт, иқтисодиёт ва фарҳанги Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овард. Ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф вазифаи сиёсӣ ва умумидавлатӣ ба ҳисоб меравад. Он танҳо дар доираи аҳли маориф ва илм  маҳдуд нагардида дастгирии тамоми табақаҳои ҷомеаро тақозо менамояд.

Таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан ба муассисаҳои томактабӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат хеле муҳим пайваста арзёбӣ мегарданд. Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз он иборат аст, ки айёми кӯдакӣ ва наврасӣ ба таълиму тарбия ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷалб намудан дар ниҳоди ҳар як кӯдак ё наврас заминаҳо ва малакаҳои муҳими фарогирии донишро бунёд менамояд ва ӯ дар муҳити ҷамъиятӣ камол ёфта, минбаъд низ чун шахси комили ташаккулёфта барои ҷомеа хизмат карда метавонад.  Дар раванди ислоҳоти соҳа  ва бо мақсади инкишофи зинаи аввали таҳсилот Ҳукумати мамлакат  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки баҳри замина гузоштан дар рафти таълими кӯдакон шароити таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шуд. Мусаллам аст, ки тараққиёти минбаъдаи бонизоми ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар аз сатҳи пешрафти маориф ҳамчун соҳаи калидии  мамлакат ва таъминот бо тарбияи кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Дар раванди таълиму тарбияи насли навраси  мо бояд ба самтҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷуҳи падару модар  ба донишандӯзии фарзандон  ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  диққати махсус диҳем. Мо ҳизбиён, волидон, омӯзгорон  ва муассисаҳои таълимии  имрӯза вазифадорем, ки бо дарназардошти   таъминоти пурраи воситаҳои таълим натанҳо ба донишомӯзӣ, балки  ба ахлоқу рафтори  насли наврас, хусусан хонандагону фарзандони худ  аҳамияти асосӣ диҳем. Яъне, мо ҳизбиён, падару модарон, аҳли ҷомеа ва устодону омӯзгорон бояд ба  хушахлоқӣ, погизагии забони хонандагону фарзандони худ, ҳисси зебоипарастии наврасону ҷавонон, тарзи баёни фикр ва одобу муошират эътибори ҷиддӣ диҳем.  Зеро маълум аст, ки  табиатан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва  фазилати маънавии падару модар дар оила аввалин таҷрибаест, ки дар зеҳни кӯдак  нақши доимӣ пайдо мекунад ва таъсири он дар зиндагии мо фарзандон  тамоми умр боқӣ мемонад.

Дар заминаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ инкишофи фарҳанги миллӣ пеш аз ҳама бо мактаб, таълиму тарбияи насли наврас вобастагии зич дорад. Мактаб худ боргоҳи муқаддас барои ҳар як фарди ватандӯсту худшинос, донишманду соҳибмаърифат ба ҳисоб рафта, он барои такмили донишу малака, ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ касбу ҳунар заминаи ояндасоз ба ҳисоб меравад.

Дар шароити кунунии соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр масъалаҳои аввалиндараҷаи зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳаллу фасл гардиданд. Сарвари давлат барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон диқкати ҷиддӣ дода, дар ҳама суханрониҳояшон борҳо таъкид менамояд, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва тарбиятгари насли ояндаи Тоҷикистон мебошанд.

Мусаллам аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама давру замон аз омилҳои муҳими самти маориф ба шуморр меравад. Барои он, ки сифати таълим боло равад, бояд ҳар як фарде, ки дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мураббӣ, устод ва ё корманд фаъолият мекунад, масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад ва ояндаи насли наврасро яке аз муҳимтарин ҳадафҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии хеш қарор диҳад. Чунки раванди таълим ҳамеша ба маорифу омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Албатта имрӯзҳо бо ташаббус ва ибтикороти Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар фаъолият доранд, ки дар аксари онҳо мутахассисони соҳаи маориф омода карда мешаванд, ки дар рушди ин соҳаи калидии кишвар саҳм мегузоранд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом барои ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас ҷалб намудани занону духтарон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Яке аз самтҳои муҳими  ташаббусҳои ӯ дар соҳаи маориф дастгирии духтарон, бахусус духтарони ноҳияҳои кҳсор  мебошад. Шуруъ аз соли таҳсил 1997-1998, қабули духтарон  ба мактабҳои олӣ аз ноҳияиҳои дурдаст дар асоси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли таҳсили 2003-2004 ҳамчунин қабули писарон тавассути квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шуд, ки садҳо ҷавондухтарону ҷавонписарони деҳот аз ин неъмат бархурдор гардида имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамагуна самтҳои хоҷагии халқ фаъолона фаъолият намуда истодаанд. Ин далелҳо гувоҳи он аст, ки Презденти маорифпарвари мо дар самти маориф ва илм нисбат ба ҷавонони болаёқату босаводи деҳот таваҷчуҳи зиёду хоса зоҳир менамояд.

Бо иқдом ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2010  «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардид, ки дар соҳаи маориф боз як такони ҷиддии дигаре ба вуқуъ пайваст. Ҳадаф аз ин иқдом такони ҷиддӣ бахшидан  ба рушди илму маориф, техника ва технологияи нав, беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи насли нави ҷавонон дар соҳаи техника ва фароҳам овардани заминаи рушди тафаккури техникиву технологӣ буд. Инчунин аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» ва Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади шаффоф гузаштани имтиҳонот ва муайян намудани сатҳи ҳақиқии дониш ва малакаи хонандагон ва баробарҳуқуқии хонандагони шаҳр ва деҳот соли 2014 бори аввал қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд, ки дар соҳаи маорифи кишвар бори аввал ташкил гардида  ин як такони ҷиддӣ  ва ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар ин соҳа гардид.   Бояд қайд намуд, ки рушди устувори соҳаи маориф аз афзоиши маблағгузории он вобаста аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ дар соҳаи маориф ба маротиб афзоиш ёфт. Бояд иброз намуд, ки  дар муассисаҳои таълимӣ тамоми шароит барои илмомӯзӣ ва таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст.  

Тамоми ин иқдомҳо, албатта ба шарофати сулҳу субот. Ваҳдату якпорчагии кишвар амалӣ шуданд. Чунки сулҳу субот, ваҳдати комил, якпорчагию якмаромии кишвар аст, ки ҳама гуна соҳаҳои хоҷагии ҳалқ хусусан соҳаи маорифи кишвар бо суръати баланд пеш рафта истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин ҷода хизматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле бузург аст. 

Аз ин рӯ, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш бошем  ва дар  рушду пешрафти соҳаи калидии кишвар, соҳаи маориф ва Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

         Чунки бузургон мефармоянд:

 Пояи давлат намонад бе маориф устувор,

Давлати пойдор хоҳӣ руй бар мактаб биёр.    

Салоҳиддин Мирзобаротзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg