Н.ХУСРАВ. Мутобиқи Нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2021,№ 4-34/10 гуруҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳайати Наимов Маҳмадулло- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИМ ҲХДТ, Қодирзода М.Қ,- корманди Маркази милии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадализода А.- сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, Абдулмаҳинзода Зарина муовин раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Абдуллозода Ф- сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, Бердиев Ю. корманди нашрияи ҷумҳуриявии «Халқ овози», Муродзода Н. –сармуҳаррири нашрияи вилояти «Хатлон», Юсуфзода Т. Директори китобхонаи вилоятии ба номи Шоҳини ш. Бохтар ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ,арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлиси сазовори ҷашни бузурги миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ санаи 25 –уми май дар ду ҷамоати деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда қайд намуданд, ки вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири манфии онҳо ҳамаи масъулинро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвият дода шавад. Яъне дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя карда, барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош намоем.
Оид ба корҳои ободонию созандаги бахшида ба ҷашни 30-солдагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими қонунгузориҳо, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ободу зебо гардонидани деҳаву маҳаллаҳо, ғамхори дар ҳақки гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ ва қишри ниёзманди ҷомеа, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ суханронӣ намуданд.