БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва нерӯи барқ кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Сайёраи Ҷамоати деҳоти  Истиқлол бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Зимни гардиш масъулин бо сардорони оилаҳо суҳбат намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобидаи корам ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ,  оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол, инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ёдоварӣ карданд.

Инчунин, таъкид карда гуд, ки сокинон бояд  истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, махсусан, заминҳои Президентӣ, ташкили гармхонаҳо ва баланд бардоштани маданияти истифодаи заминро  тақвият бахшанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg