БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД: ОГОҲ НАМУДАНИ МАРДУМ АЗ ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

АНДЕША. Ҷомеаи муосир ки пур аз  таӽаввулоту бархурдӽо буда, рақобати давлатӽои абарқудрат барои васе кардани нуфузи  худ дар ҷаӽон шиддат мегирад.Падидаӽои экстремистиву террористидошта  низ дар  шаклу қолабӽои нави харобиовар зуӽур карда  истодааст.Терроризму экстремизм  падидаи  нав нест, аммо солӽои охир ба вабои аср ва таӽдид  ба амнияти ӽар  як  кишвар ва сокини сайёра табдил ёфтааст. Аз ин рӯ барои наҷот бахшидани кишвар аз оқибатӽои нангбору мусибатовари ин зуӽуроти номатлуб  лозим донистем мавзуи мазкурро  то ҷое таӽлилу баррасӣ намоем. Истилои терроризм худ  калимаи лотинӣ буда, маънои тарс ва ваӽм мебошад. Мақсаду мароми террористон, яъне бо роӽи зӯроварӣ куштор ва тарсу ваӽм, инчунин ҷомеаро ба ӽолати ноумедӣ афкандан аст.Тибқи баъзе маълумотӽои оморӣ айни замон дар ҷаӽон беш  аз  500  ташкилоти террористию экстремистӣ вуҷуд дорад.

Дар  ӽудуди Ҷумӽурии Тоҷикистон бо қарори  Суди Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон фаъолияти 17  ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ  карда   шудааст.Аммо бештар аз  ӽама экстремизму  терроризм дар  бахши  дин махсусан бо иштироки намояндагони дини ислом дучор меояд. Динӽои дигар ки таърихи тӯлонитар доранд, онӽо пеш аз ислом чунин бадбахтиӽоро аз сар гузаронидаанд аммо ба ин гуна фитнаӽо қариб, ки дода намешаванд. Аммо пайравони дини ислом бо ӽассосияти худ фарқ мекунанд. Алакай механизми сӯистифодаи дин аз тарафи террористон маълум аст. Як гурӯӽ  ҷангҷӯёнро бо пардохти маблағӽои калон гирд меоранд ва тамоми амалӽои палиди инсониро зери кадом шиори диние, ки хоӽанд амалӣ мекунанд ва ӽамаи ин ҷиноятӽои содиркардаашонро пинӽон дошта, инро аз  қонуни шариат мегӯянд.

Аммо бубинед, ки зимни амалигардии  ин қонуни  шариат, яъне амалӽои террористӣ  дар як соли  охир наздики 70 ӽазор сокини осоишта кушта шуданд, ки беш аз 10 ӽазор нафари онӽоро кӯдакон ташкил медиӽанд ва  99%  онӽо мусалмонанд. Аксарияти амалӽои террористиро имрӯзӽо аз  номи ислом ва бо номи ислом амалӣ карда  истодаанд.  Маълум аст, ки яке аз ҷамбаӽои  ӽавасмандсозии ҷавонон ба гурӯҳӽои террористӣ ин  ваъдаи пули  калон аст. Аз ин рӯ мо ҷавонон бояд зиракию  чолокии худро аз даст  надода, ба ӽар  гуна фитнаӽо набояд бовар кунем. Шукронаи давлати  соӽибистиқлол, демократӣ,  ӽукуқбунёду дунявӣ ва ягона кунем тинҷию оромии кишвар барои мо ҷавонон неъмати бебаҳо  мебошад.

Олимов  Раӽмоналӣ, мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg