БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ

НОРАК. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар қитъа замин аз ҷониби  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак суҳбату вохӯриҳо бо усули хона ба хона дар ҳдудуди Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳр   доир гардид.

Зимни вохӯрӣ маълум гардид, ки сокинон дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати истифодаи самараноки замин сармашқи кори худ намуда, ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар рафти вохӯрӣ сокинон иброз доштанд, ки дар як сол аз заминҳои наздиҳавлигии худ 2 то 3 ҳосил ба даст меоранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳалигӣ манфиатовар буда барои ғани гардонидани буҷаи оила кӯмак мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg