АНДЕША. Ҷашни Истиқлол барои мо, мисли ҳар миллати озодаи ҷаҳон, боарзиштарин ҷашн аст. Зеро Истиқлол аст, ки зиндагӣ рангу бӯ мегирад ва ҳаёт маъно пайдо мекунад. Истиқлол аст, ки миллатрову кишварро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоем. Истиқлол аст, ки миллати мо бо азму иродаи худ роҳбари арзандаи давлату миллатро интихоб намуда, ояндаи худу фарзандонашро ба дасти ӯ супурдааст. Истиқлол аст, ки тавонистем, як кишвари зебову пешрафтаро аз худ барои фарзандон ба мерос гузорем.
Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Ва имрӯз Истиқлолияти давлатии моро 30 сол пур мешавад. Шукургузорӣ аз он мекунем чун ба ин санаи муҳим расидаем.
Дар тӯли 30 солае, ки баъди ба даст овардани истиклолият сипарӣ шуд, Тоҷикистон ва мардуми он шебу фарозҳои зиёди зиндагиро паси сар карда, аз санҷишҳои гарону вазнини таърих бурдборона гузаштанд. Бо вазъе дучор гардиданд, ки барои миллати ҷафокашида, борҳо бо ноадолатиҳои гӯшношуниди таърих рӯбарӯшудаи тоҷик ба ифодаи Сарвари давлат, «давраи озмоишҳои ҷиддӣ дар дуроҳаи ҳастию нестӣ, як марҳилаи ҳассоси аз вартаи нобудӣ раҳидану аз нав эҳё гардидан» буд. Оре, солҳои соҳибистиқлолӣ давраи комилан орому осуда, роҳе, ки миллати мо дар ин фосила паймуд, тахту ҳамвор набуд. Ҳанӯз дар ибтидои тулӯи хуршеди соҳибистиқлоли душманони миллат кашмакашиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои бемаънӣ, ниҳоят, ҷанги дахшатноки дохилиро ба сари миллат таҳмил намуданд. Ҷангеро, ки оқибати он бояд аз байн рафтани миллату давлат мебуд. Хушбахтона, бо шарофати саъю талош ва муборизаҳои қотеонаи фарзанди содиқу ватандӯсти халқ Президенти кишвар мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо хиради азалӣ, ботамкинӣ ва дурандешии мардуми сулҳхоҳу фарҳангофари мо рӯзҳои ваҳшатноки фоҷиабор паси сар шуданд, ба Ватан сулҳу оромӣ баргашт, дӯстӣ ва Ваҳдати миллӣ мустақар шуд, миллат по бар ҷодаи нав-ҷодаи эҳёшавӣ, бунёдкорию созандагӣ, ободгарӣ гузошт. Собиқаи пурғановати давлатӣ ба мо имкон дод, ки пас аз бозгашти сулҳу оромиш, дар муддати кӯтоҳе ба арсаи ҷаҳон бароем ва бо нақшгузорӣ дар ҳалли масоили глобалӣ обрӯи кишвар ва миллатро баланд бардорем. Халқи тоҷик нишон дод, ки як миллати тамаддунофар аст ва бо гузаштан аз ҳамаи мушкилоти сунъӣ, ки душманон барояш пеш оварда буданд, инак ба ҷойгоҳи арзандае дар сатҳи ҷаҳон расиданд, ки дар ин ҷода нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар хело калон аст. Дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ, давлати мо ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, рӯз то рӯз рӯ ба рушд ниҳода истодааст. Ин аст, ки мо имрӯз аз меваҳои шаҳдбори истиқлол баҳра мебарем.
Бояд иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдастарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Пас ҳар яки моро зарур аст бо эҳсоси баланди меҳанпарастӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани сисолагии Истиқлолияти давлатӣ дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон саҳми босазои худро гузорем.
Абдулҳаев Маҳмасаид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ