Ш.ШОҲИН. Дар қатори масъалаҳои мубрами рӯз экстремизм, терроризм, ВНМО нигоҳдории муҳити зисту солим нигоҳ доштани муҳити экологӣ яке аз мавзӯъҳои рӯзмарра ва ташвишовари на танҳо давлату минтақа балки сатҳи байналмиллалӣ ба шумор меравад.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида яке аз самтҳои муҳиму мубрами рӯз, ки Пешвои миллат аз он нигаронӣ намуданд ин ҳам бошад тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисту ба қадри ҳар як ваҷаб хоки ватани биҳиштосо расидани ҳар як шаҳрванди худогоҳи ватанпарастро таъкид доштанд.
Дар деҳаи Ёли ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия А. Неъматов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҳ. Раҷабов ва раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Н.Маҳмудов иштироку суханронӣ намуданд.