ҶАЙҲУН. Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун дар назди даромадгоҳи Боғи фарҳангӣ -фароғатии Ҷайҳун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд. Раиси ноҳия Ҷайҳун ба сухан баромада чавононро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, кайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Ҳамзамон, аз ҷониби раиси ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Дар охири чорабинӣ дар Қасри фарҳангӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳаводорон намуда, табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.