ҚУБОДИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади корҳои тарғиботӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маводи хӯрока ва нигоҳдории тарзи ҳаёти солим дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ масъулин дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, ба сокинон ба таври муфассал шарҳ доданд.