БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚБОЛ АЗ 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Имрӯз дар заминаи амалӣ намудани ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ ба як зумра  дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 210 иншоотҳои гуногуни таълимӣ, тиббӣ ва хизматрасониву маишӣ ба нақша гирифта шудаанд. То имрӯз 180 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо маблағи 55 милиону 610 ҳазор сомонӣ мариди истифодабари қарор дода шуданд, ки 85,7 фоизи Нақшаи чорабиниҳои пешбинишударо дар бар мегирад. Қисми бештари иншоотҳои мазкур ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва занону ҷавонон  тааллуқ доранд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар сохтмони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо дар маркази ноҳия, бинои панҷошёнаи маъмурии шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағи 6 милион сомонӣ, бинои шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ ва маркази таълимии калонсолон бо маблағи 3 милиону 870 ҳазор сомонӣ, бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва коллеҷи тиббӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, нуқтаи таъмир, шустушӯи мошинҳо ва дар ошёнаи дуюми бино сехи дӯзандагӣ ва меҳмонхона дар кӯчаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ, инчунин корхонаҳои саноатӣ бо маром идома ёфта истодаанд.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз- 2021  11 адад иншоот таъиноташ  гуногуни ҷашнӣ бо маблағи 4 миллиону 242 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарии сокинони ноҳия қарор дода шуданд. Аз ҷумла; сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ бо маблағи 750 ҳазор сомонӣ  барои 320 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ин синфхонаҳои иловагӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинони ин ҷамоатҳо сохта шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ барои хонандагон ва дигар лавозимоту ашёҳои хониш таъмин гардиданд.

Ҳамзамон корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ бо маблағи  1миллиону 100 ҳазор сомонӣ аз тарафи як нафар соҳибкори маҳаллӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки дар ин корхона 10 нафар сокинони ноҳия соҳиби ҷойи корӣ доимӣ гардиданд.

Инчунин, бинои нави бунгоҳи тиббӣ бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ ва ду хати оби нӯшокӣ дар масоҳати 1,5 километр бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони як майдончаи варзишӣ бо маблағи 150 ҳазор сомонӣ, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд.

Вусъати корҳои  сохтмонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани санаи таърихӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ бо маром идома доранд.

Комилов Сироҷиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg