АНДЕША. Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи ҷавонон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимию созанда анҷом доданд.
Ва ман яке аз хушбахттарин ҷавони даврони соҳибистиқлоли кишвар мебошам, ки дар ин мулоқоти Пешвои маҳбуби миллат, ки дар рӯзи зодрӯзам рост омад иштирок намудан , насибам гардид.
Бояд қайд намоям, ки ин воқеа дар ҷашни зодрӯзам туҳфаи беҳтарин буд, чун бори аввал буд, ки дар мулоқоти Пешвои муаззами миллат иштирок кардам ва ин рӯйдод дар ҳаёти ман чун нақш бар санг сабт хоҳад шуд.
Аз мулоқоти баргузоргардида чанд рӯз сипарь гардид, аммо ба назарам чунин менамояд, ки то ҳол дар мулоқоти Пешвои маҳбуби миллат нишастааму ҳушу гӯшам ба суханони хирадмандонаи ин фарзонафарзанд, шахси оқилу дона ва ғамхори мо ҷавонон мебошад.
Дар мулоқоти бахшида ба Рӯзи ҷавонон нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни Рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Пешвои миллат дар мулоқоташон ба масъалаҳои аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидан ва мавқеи хоса пайдо намудани мо ҷавонондухтарону занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат мо ҷавонон бо ташаббусҳои созандаву бунёдкорона баҳри гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми худро мегузорем. Ва ман ҳамчун ҷавон боварии комил дорам, ки он машъале, ки Пешвои миллат афрӯхт худро ба сифати машъалбардори сафи пеш муаррифӣ намуда, дар паҳлӯи Пешвои мушфиқу
меҳрубонамон ҳамчун пайравони асили ин фарзонафарзанд ҳамеша баҳри рушду нумӯи сарзамини биҳиштосоямон ҷони худро дареғ нахоҳам дошт.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ