БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ҚАРОР ДОРАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №61-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” баргузор гардид.

Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ дар ҳамоиши баргузоргардида иштирок намуда, нахуст ҷавононро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуда, қайд карданд, ки ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои баланд бардоштани дониши онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Зиёд гардидани донишгоҳу донишкадаҳо, литсей ва омӯзишгоҳӣ касбомӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои соҳибкасб намудани ҷавонон мебошад. Ҷавонони саодатманди мо имрӯз дорои неъматҳои зиёд мебошанд. Аз ҷумла амну субот, озодӣ ва шароити зиндагии арзанда яке аз неъматҳои беназир маҳсуб меёбад, ки барои ҷавонони мо насиб гардидааст.

Зимнан дигар маърӯзачиён иброз намуданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва бо омӯхтани илму дониш баҳри ободу зебо гардидани диёри азизамон саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg