![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210519_100308.jpg?itok=UrS1CW8H)
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ” амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” бо иштироки масъулини ҳизбӣ гузаронида шуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ тибқи рӯйхат аз билетҳои ҳизбии кормандони ташкилоти ибтидоии номбурда дидан намуданд ва дар идома ба якчанд нафар ҷавонони фаъол, ки аризаҳои худро барои аъзои ҲХДТ шудан пешниҳод карда буданд, бо тантана соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд.