БОХТАР. Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” вохӯрии гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо омӯзгорону хонандагон ва падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 –и шаҳр баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур Ҳакимова Волида мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Одиназода Гуландом сардори шуъбаи огоҳкуниву пешгирии ноболиғону ҷавонони ШВКД дар шаҳри Бохтар, намояндагон аз шуъбаи маориф, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ ва дигарон ширкат варзиданд.
Ҳакимова Волида дар масоили дастовардҳои ҷавонон ва наврасони ҷомеаи муосир, таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарварӣ, нигоҳ доштани муқаддасоти миллӣ ва иззату эҳтироми калонсолон суханронӣ намуд.
Дар охир иштироккунандагони чорабинӣ, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат намуда, инчунин самаранок ва бо мақсади аз худ намудани илму дониш истифода намудани интернет, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва ба оворагардӣ машғул нагардидани ноболиғон мавриди баррасӣ қарор доданд.