БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТӢ- ОВАРАНДАИ БАХТУ САОДАТ

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

ВОКУНИШ. Оре, дӯстӣ ба инсонҳо бахту саодати рӯзгорро таъмин месозад. Мо инсонҳо бояд ин хислати некро дар ботини худ ва зиндагии хеш доимо пеша намоем, зеро халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми инсондӯст ва некхоҳ аст ва бо наздикону ҳамсоягони бурунмарзӣ доимо рафтори некро ба ҷо оварда, анъанаи неки аҷдодиамонро давом медиҳад. Аз ҷумла, дар робита бо ҳамсоякишварҳои худ некандеш аст. Вале аз чи сабаб бошад, яке аз кишварҳои ҳамсояи мо-Қирғизистон имрӯзҳо нисбати мо-тоҷикон, ки умрҳои умр бо ҳам ин ду халқ бародарвор робита доштанд, даргириву бетартибӣ ва моҷароҷӯиро раво дида, яке аз гӯшаи кишвари мо-Исфараро аз они худ карданианд. Қирғизҳо чанд муддат аст, ки ба ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳамлаҳои пай дар пай намуда, якчанд шаҳрвандонро захмиву ярадор ва бархеро ба ҳалокат расонидаанд, ки боиси таассуф ва нигаронист. Чӣ лозим ин қадар бедодгарӣ ва ғурури беасос! Ҳол он ки халқи қирғиз хуб медонад, ки Ворух аз Тоҷикистон буд, ҳаст ва хоҳад монд то абад.    

Мо-тоҷикон низ ба худ ғуруру ифтихори тоҷикона дорем ва намегузорем, ки ноҳақе беасос ҳуқуқи моро поймол намудаву яке аз марзи зебои диёри мо – Ворухро аз худ намояд. Ҷавонони далеру ҷасоратманди мо имрӯзҳо дар сарҳад қаҳрамонӣ нишон дода, бо як по истода меҷанганд, то Ворух ва сокинони онро ҳимоя ва нигаҳбонӣ намоянд.

Ба халқи қирғиз муроҷиат намуда гуфтаниам, ки ин даргириву моҷароҷӯии хешро зудтар анҷом дода, бо тоҷикон мисли пештара дар риштаи дӯстӣ умр ба сар баранд, зеро мо-инсонҳои рӯи Замин як бор ба дунё меоем ва ин замин ба ҳамаи мо басанда аст.  Зеро шоири бузурги халқи тоҷик Умари Хайём ин мисраҳоро беҳуда нафармудаанд:

Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд.

Ҳар як пайи якдигар якояк бишаванд.

В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид,

Рафтанду равему боз оянду раванд.

Умедаи Акрамзода, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg