БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛ - КАЛИДИ БАХТУ САОДАТ!

ҶАЙҲУН. Дар раванди омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, 30-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ва “ Якҷоя месозем” баргузор гардида, роҳи дохилии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” аз назди шуъбаи бемориҳои сироятӣ то шуъбаи ёрии таъҷилӣ  мумфарш карда шуд.  

Роҳи мазкур дар ҳолати вайрона қарор дошт. Рӯзҳои боришоти барфу борон барои беморон ва сокинон душворӣ пеш меовард. Бо тахту ҳамвор ва мумфарш шудани роҳ ин мушкилоти сокинон ҳал гардид. Масъулин боз мақсад дораднд, ки то рӯзи ҷашни пуршукӯҳи миллӣ, 30-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар корҳои ободонии Беморхонаи марказӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg