БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ЯКҶОЯГӢ БО ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҶАЙҲУН. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона”, “Раёсати молия”, “Ҳифзи муҳити зист” ва “Шуғли аҳолӣ” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ зери унвони «Тозагии муҳит» дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шуд.  

Аъзои фаъоли ташкилотҳои болозикр пайваста ба таври дастаҷамъона ба ободиву тозакорӣ баромада, дар тозагию ҳифзи муҳити зист ва атрофи корхона саҳми муносиб мегузоранд.

Тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки дар ин росто, бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию-гигиенӣ ва экологии аҳолӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, ки омили асосиашон партофтани партовҳо ба муҳити атроф мебошад, тадбирҳои муҳим андешида, дар тозагии муҳити зист саҳмгузорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg