
Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар боғи фарҳангии ноҳия бо ҷалби ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорон, волонтёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбии «Тозаги маҳал» баргузор гардида, дар чорабинии мазкур роҳравҳо, ҷӯйборҳои обгузар, гулгаштҳо ва бехи дарахтони боғро аз ҳар гуна партовҳо тоза намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия иштирокчиёни Аксияи мазкурро барои саҳмгузориашон дар ободу тоза нигоҳ доштани маркази ноҳия изҳор миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки мо бояд раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатамонро дар руҳияи баланди ватандорӣ истиқбол намоем.