БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ИФТИХОРИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказии” ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ вохӯрии мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби он баргузор гардид.

Айён гашт, ки баъзе шаҳодатномаҳои ҳизбӣ муҳлаташон гузаштааст ва онҳоро нав карда, аз сари нав ба қайд гирифтан лозим аст.

Ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи Марказӣ” ба талабот ҷавобгӯй бошад ҳам, вале камбудиҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ мушоҳида карда мешавад.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби он вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои наздиктарин ислоҳ намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg