БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ ПОЯИ МИЛЛАТИ ТОҶИК…

АНДЕША. Дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳои  муҳим, такдирсозе ҳастанд, ки барои миллат азизу гиромӣ буда, боиси ифтихору сарфарозӣ гардидаанд.

Имсол миллати тоҷик 24-солагии Ваҳдати миллиро, ки натиҷаи ба имзо расидани Шартномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон буд, қайд  менамояд.

Маҳз ба ҳамин васила сулҳу салоҳ ба миён омад. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кори бағоят мушкилу душвор буд, ҷанги шаҳрвандӣ ба ваҳдату ягонагии халқи тоҷик зарбаҳои сахти ҷонгудоз расонид.  Душманони дохилию берун, дар байни тоҷикон моҳирона фитна, шубҳаю нобовар, хусумату ҷудо, андохтанд.  Хушбахтона, дар як муддати кӯтоҳ ақли солим боло гирифт. Мардуми тоҷик шаҳди ин фитнаю хусуматро чашида дарк намуд, ки танҳо ваҳдат, ягонагӣ ва якдилӣ наҷоти халқу миллат ва омили асосии мавҷудияти сарзамин, давлати миллӣ ва истиқлолият  буда метавонад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                        

Тамоми фаъолияти минбаъдаҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи воқеии масъалаҳои умумиллӣ таъмини ваҳдату ягонагии он равона шудааст. Имрӯз мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Сарвари давлати тоҷикон, сарфи назар аз мушкилию  монеаҳои бешумор, вазнинтарин масъалаҳои ҷомеаи тоҷикон- барқарор намудани давлати миллӣ сохторҳои қудратии он, низоми давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун ва аз ҳама муҳимтар барҳам додани низои миллӣ ба ҳам овардани миллат Созишномаи истиқрори сулҳ ва дар ҳамин замина таъмин намудани ваҳдату ягонагии миллӣ ба фоидаи мардуми заҳматкаши тоҷик ба иҷро расонида шуданд. Ҳоло вазифаи ҳар  яки мо  шаҳрвандони  кишвар  ҷавонону  занон  аз он иборат аст, ки дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устуворро таъмин намуда, фаъолияти созандагию бунёдкориро ривоҷ диҳем, нерӯҳои солиму ватанпарварро баҳри ягонагии халқи  тоҷик ва давлати миллӣ равона  созем.

Вазъи гузаштаи начандон дурр барои мо сабақест. Фақат ваҳдату ягонагӣ тавонист моро аз бало , аз нобудӣ раҳо намояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки дигар мардуми мо нодон нестанд ва акнун, касе берун аз кишвар ё душманони миллати мо наметавонанд нақшаҳои навини фитнаро барангезанд.

Мо занони саодатманди тоҷик шукрона аз он мекунем, ки дар як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ кору фаъолият менамоем. Дигар намемонем,  ки ба пои фарзандони мо хоре халад, шукронаи сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолиятро мекунем.

Ҳар як зани имрӯза, ҳар  як  модар бояд шукургузори замони осоишта бошад, чунки ӯро ҳамчун ходими давлатӣ, сарвару роҳнамо, адибаю омӯзгор, табибу коргару ҳунарманд эътироф мекунанд. Ҳамаи ин меваҳои шаҳдбори истиқлолияти мост. Ҳар кадоми мо бояд ба қадри он бирасем ва ҳама он комёбиҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии  Раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз талош дорад, ки ҷиҳати амалишавии нақшаю барномаҳои муҳиму тақдирсоз тамоми нерую дониши худро сарф намоянд ва таҳти шиори барномаи амалии худ «Барои ваҳдати миллӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисод ва зиндагии шоистаи мардум» ба он мекушанд, ки ин ниҳоли дастҷаъмона шинонидашуда-Ваҳдати миллӣ самараи дилхоҳ ба бор орад.

Мо занон – модарон, ки ояндаи пешрафти ҷамъият ва кишвар дар дасти мост, ҳама якҷоя бикушем, ки ба қуллаҳои умед, ки имрӯзҳо мову шуморо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҳидоят намуда истодаанд, бо қадамҳои устувор ва сари баланд бирасем.

Бигзор парчами Ваҳдати миллӣ болои сари мардуми ин кишвар ҷовидон, парафшонӣ намояд.

Тамоми  сокинони  кишвари  азизамонро ба 24-умин  солгарди истиқрори  сулҳу  ваҳдати  тоҷикон  табрику муборакбод  менамоям. 

Ализода Сураё, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg