АНДЕША. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 1991 ба даст омад, оқибатҳои сангини таърихиро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик дигарбора овард, ки шаҳдашро начашид алакай заҳр пошиданд. Агар давраҳои таърихии миллати тоҷикро варақ занем, бараъло мебинем, ки дар байни миллати тоҷик фарзандони хиёнаткор барои манфиатҳои хеш шуда, миллат, давлат ва хешу ақрабои худро мефурӯшанд. Аз ин лиҳоз метавон ёдрас шуд, ки солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон фарзандони миллати худ бо душманони бурунмарзӣ забон як карда, баҳри аз оинаи таърих нест сохтани куҳантамаддунтарин халқи дунё масъулияти табадуллотҳои сиёсиро дар кишвари тозаистиқлол амалӣ созанд. Мардуми тоҷик, ки аз азал дасту дили пок дошта, ба сари ягон миллату халқи дунё шамшер накашидааст, боз аз тарафи душманони миллати хеш ба гирдоби оташу хун кашидашуда ношукрон баҳри пиёда намудани андешаҳои муғризонаашон роҳбарони олии кишвар аҳли илм, олимон рӯзноманигорон, муҳаққиқон, шоирон, ҳофизон хуллас аҳли ҷомеаи пешрафтаи Ҷумҳурии соҳибистиқлолро сарнагун карда, як давлати парокандаи мустамликаи хоҷагони хориҷиашон сохтанӣ буданд. Миллате, ки ба касе чашми бад надорад дигарбора аз тарафи Худованди мутаол аз бадхоҳон дар танҳоӣ нигоҳ дошта бо амри тақдир ба сари мардум шахси одилу наҷотбахши миллати ғамхору меҳрубон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард, ки он тавонист бо такя ба халқи азизи худ ҳамаи монеаҳоро бартараф карда, барои миллати тоҷик соябони сар гардад. Вақте, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ мерафт, кас гумони тинҷию амониашро кафолат дода наметавонист, аммо Пешвои миллат ягона шахсе буданд, ки мардумро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон роҳнамоӣ менамуд ва бо ин васила боварию эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар зиёд мегардонд. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 30 - сола шуд, аммо агар ба 3 даҳсолаи таърихӣ ин умри кӯтоҳро таҳлил намоем, 10 солаи аввал танҳо баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи душманони дохилию бурунмарзӣ ва ҳамзамон баҳри бозпас гардонидани шаҳрвандони бурунмарзии тоҷикон масраф шудааст. 10 солаи дуюми соҳибистиқлолӣ баҳри расидан ба низоми давлатдорӣ ва таъсиси ҳамаи органҳои маъмурию давлатӣ, мустаҳкам намудани сарҳаду марзу буми кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ баровардани кишвар ба шумор мерафт, ки гумон мекунам дар ин 10 солаи дуюм низ ба муваффақиятҳои назаррас дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ноил шудем. Танҳо дар 10 солаи сеюми Истиқлолияташон аз кишвари иҷтимоӣ ба кишвари рӯ ба тараққӣ ва рушдкунанда табдил ёфтем. Ҳамаи ин дастовардҳо гувоҳи онанд, ки миллати тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурусти сиёсиро интихоб намудаанд. Дар меъёри Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омадааст, ки таъмини зиндагии шоистаи мардум ва баҳри расидан ба ин мақсад бо амру супоришҳои Роҳбари давлат дар дурдасттарин гӯшаи аҳолинишини мамлакат шароити инфросохтори таъмин карда шавад. Умедворем то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсадамон хоҳем расид.
Каримзода Пирмаҳмад Авғон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара