ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи кӯдакон аз ҷониби кӯдакони боғчаҳои бачагона чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур кӯдакон ба сурудхонӣ, рақсидан ва қироати шеър машғул шуда, дар охир ҳунарнамоии кӯдакони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии ноҳия ин чорабиниро хеле ҷолибу фараҳбахш ҷамъбаст намуд.