АНДЕША. Ифротгароӣ ва терроризм, ки аз ҷониби гурӯҳҳои гуногуни ҳокимият талош менамоянд, имрӯз дар ҷаҳон як роҳи мубориза барои ҳокимият ва расидан ба мақсадҳои нопокӣ хеш истифода бурда мешавад, чӣ гуна амал мебошад. Дар асоси нишондоди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” - ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конистутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Терроризм бошад, содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби миёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Нисбати ифротгароӣ ва терроризм маълум мегардад, ки ду роҳи мубориза, танҳо як мақсад доранд, нобасомон гардонидани амнияти ҷамъиятӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, бартараф кардани рақиби сиёсӣ ва дар ҳолати тарси доимӣ нигоҳ доштан амалӣ мебошад.
Терроризм ҳамчун як зуҳуроти нангин имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ проблемаи муҳим гадидааст. Аз оқибатҳои фоҷиабори он дар чунин як даврони бланди тараққиёти илму технология ҳатто давлатҳои абарқудрат пурра баромада наметавонад, агар нисбати онҳо аҳли ҷомеа андаке бетарафӣ дошта бошад ва ё бояду шояд набарад. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳонӣ барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Аммо барои як инсон оддӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душворӣ пеш меоварад. Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин рӯ дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.
Киҳо ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд?
Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Онҳо давлатҳои мустақил ва соҳибистиқлолро эътироф накарда, ҳамаи ин давлатҳоро дар таркиби хилофати худ маҳв намуданианд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва дар ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табии онҳост.
Имрӯз аз муборизаи якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба муқобили терроризм дида масъалаи муҳимтаре нест.
Барои пешгирӣ аз аъмоли террористӣ ҳамкории муассири кишварҳо бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ва механизми пешрафта дар заминаҳои низомӣ, табодули иттилоот ва эҷоди фазои ҳамкорӣ миёни аъзо ва воҳидҳои қудратӣ зарур аст. Дар таърих боре ҳам нашудааст, ки террористон худро террорист хонда бошанд. Террористон мекӯшанд, ки то фазои ноамонию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд, ки давлат амнияти бошандагонашро таъмин карда наметавонад. Бо ин восита боварии мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод мекунанд. Гуфта метавонем, ки ҳар амали хушунатомези дорои мақсадҳои сиёсӣ ва мазҳабие, ки миёни халқ даҳшат меафканад ва боиси бесуботӣ ва беэътимодии мардум мегардад, амали террористӣ мебошад.
Дини мубини ислом як сарчашмаи покизагии маънавӣ ва ахлоқӣ аст ва он бегонапарастӣ, тундравӣ, инсонситезиро намепазирад.
Аз ин хотир, ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳад, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инсонпарвариву ватандӯстиро пуштибонӣ намояд ва фирефтаи идеологияи ғаразноки кишварҳои бегона нагардад.
Мо, мардуми мусулмон медонем, ки ҳадафи аслӣ ва муқаддаси ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқи пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб ва рафтори нек мебошад.
Сафарова Наргис, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара