КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “И. Сомонӣ” бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни 80 – солагии шоири ширинкалом Лоиқ Шералӣ зери унвони “Шеъри Лоиқ зинда бод!” чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур корманди масъули ҳизбӣ – Саъбагул Валиева, Шоираи ваҳдатсаро – Хосият Вализода, Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ – Пирмурод Сабуров ва дигар нафарони расмӣ иштирок ва оид ба паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти шоир суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии устод Лоиқ Шералӣ давра ба давра дар ҳама ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гашта истодаанд.