БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдату ягонагӣ моро ба зиндагии босаодат расонд

ҲАМАДОНӢ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  Исмоил Гадоев ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев бо истиқоматкунандагони маҳалаи Шарбати ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ  доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ кард. Баъдан Гадоӣ Сайдалиев дар бораи суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар андешаронӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз суханрониҳои Президент ҳушдор ба мост, то ба ғафлат намонем, ҳушёру зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Андак  ба ғафлат мондан, беэътиборӣ, қадрношиносӣ, носипосӣ метавонад ҳамаи дастовардҳои моро аз бай барад. Бахти баланди мост, ки дар кишвари бо амну осоишта зиндагӣ ва кору фаолият дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg