ФАРХОР. Бо мақсади тақвият додани робита бо мардум ва амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Чоргул вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез”, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ суханронӣ намуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз рушд карда, ободу шукуфон гашта истодааст.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, кунем ва дар паҳлӯи Пешвои миллат истода, дар ободонии кишвар саҳмгузор бошем. Аммо ин мафҳумро баъзе аз торикбинон баръакс баҳо дода, зидди Ҳукумату давлати тоҷикон мубориза мебаранд. Агар мардумро аз ҳадафҳои шуми онҳо мо огаҳ насозем, ин нотавонбинон шаҳрвандони моро фирефта намуда, бар зидди мо истифода мебаранд ва ба пойдории сулҳу амнияти мо хатар ворид месозанд.
Аз он ҷумла миссионерҳои ташкилоти террористӣ-экстримистии ҲНИТ, Гурӯҳи 24, равияи Салафия, ДОИШ, ки шаҳрвандони аз худ ноогаҳу торикбинро ба ҳар роҳу усулҳо ба самти худ ҷалб кардада, онҳоро васеъ ба манфиати хеш истифода мебаранд. Чунин ташкилотҳои террористию ифротгаро давлату кишварҳои бузургро нобуд кардаанд. Имрӯз ба ин мақсад омадем, ки мардумро аз ҳадафҳои нопоки онҳо огоҳ созем ва бар зидди онҳо мубориза барем.