
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва Дилноза Шоева ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ-ифтихори ман” доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ амали мазкур аз ҷониби мақомотҳои болоии ҳизб роҳандозӣ гардида, давра ба давра дар ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор карда мешавад.