БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва ба ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ вохӯрии мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳия Гадоӣ Сайдалиев бо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Муминов Қувваталӣ ва котиби он Акобирова Гулшан баргузор гардид.

Санҷиш нишон дод, ки баъзе шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ҳанӯз соли 1998 навишта шудааст, ки муҳлати  аз нав ба қайд гирифтани он лозим аст. Ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии КАТС-и ноҳия ба талабот ҷавобгӯй бошад ҳам, дар ҳуҷҷатгузорӣ камбудиҳо мушоҳида карда шуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби он вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои наздиктарин ислоҳ намоянд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg