
ЁВОН. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия конференсияи илмӣ -назариявӣ зери унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор карда шуд.
Дар баргузории конференсия намояндагони ҷавони касбу кори гуногун аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷу литсейҳои касбӣ- техникӣ, волонтёрон ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” беш аз 80 нафар иштирок намуданд.
Дар кори конференсия панҷ маърӯзаҳои илмӣ баррасӣ карда шуд. Конференсия аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ифтитоҳ ёфта, раиси Кумитаи иҷроия Раҳматуллоев Мақсуд иштирокчиёни ин ҳамоишро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар симои онҳо кулли ҷавонони Тоҷикистони азизро табрику муборакбод намуд.