БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУРСИ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

ЁВОН. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади ташкил ва баргузор намудани курси омӯзишӣ барои ҷавонон зери унвони “Созандагони Ватан” таҳия гардида, курси мазкур идома карда истодааст.

Шашумин  дарси курси мазкур дар мавзӯи “Сиёсати ҷавонон  самти афзалиятноки ҲХДТ” баргузор карда  шуд. Доир ба мавзӯи мазкур узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон  Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба шунавандагон маълумотҳо пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми дарс аз ҷониби шунавандагон ба омӯзгор (лектор) вобаста ба мавзӯи матраҳгардида саволҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамзамон аз ҷониби шунавандагони курс бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба фарҷом расонидани курси мазкур дархосту пешниҳодҳо гардида, аз ҷониби раиси ноҳия ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg