
ДӮСТӢ. Бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар доираи амалиёти ҳизбии "Шаҳодатномаи ҳизбӣ-Ифтихори ман" кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти "Ҷиликӯл" вохӯрӣ доир карда, вобаста ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва шаҳодатномаи ҳизбӣ суҳбат намуданд.