
ХУРОСОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо бахши кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо дастгирии филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ») миёни мардуми касбу кори гуногун зери шиори «Оилаи хушбахт – оилаи бе зӯроварӣ» мулоқот доир карданд.
Мавзӯи вохӯрӣ марбут ба дарки муносибатҳои зӯроварӣ нисбати аъзои оила ва ё зарари зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа ҷойдоштаро дар бар мегирифт. Дар ҷаласаи мазкур мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вобаста ба масъалаҳои пешнгирии зӯроварӣ дар оила суханронӣ намуд.