БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ ҲАМСОЯГИИ НЕК БО ҚИРҒИЗҲО МЕБОШЕМ

АНДЕША. 28 – 29 уми апрели соли равон дар қисматҳои сарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии Қирғизистон низои марзӣ рӯй дод. Ин низои марзӣ боиси талафоти ҷонӣ аз ҳарду ҷониб гашта, рехтани ашки модарону хешвандони тоҷикону қирғизҳо гардид.

Мо асрҳои аср бо қирғизҳо ҳамсоя ҳастем ва то ба имрӯз ҳамсоягии неки худро давом дода истодаем. Дар ҳамин шабу рӯз иғвоангезон мехоҳанд моро байни ҳам ҷанг андозанд. Ҷанг ба мардум кассодӣ, бадбахтӣ ва ноумедӣ меорад. Мо мардуми тоҷику қирғиз бояд ба васвасаи ягон кас дода нашавем. Ҳамсоягии неки худро давом дода, дар пастиву баландии якдигар бошем. Ворӯх аз қадиммулайём аз Тоҷикистон буду мемонад, мо ҳеҷ гоҳ Ворухро ба ягон ҷойи дигар иваз намекунем, чунки дар инҷо ду ҷамоати деҳоти Ворӯх ва Чоркуҳ ҷойгир буда, даҳҳо ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Мушкилии марзие, ки имрӯз тоҷикону қирғизҳо барои ҳаллаш солҳои сол талош меварзанд, бо қувваи зӯрӣ наметавон ҳал кард. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Исфара қайд карданд, ки шаҳри Исфара бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.

Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад, таъкид намуданд дар баромадашон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми байни давлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳама самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем – иброз доштанд дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мо мардуми шарифи тоҷик ҷонибдори ҳамсоягии нек бо қирғизҳо буда, дават ба амал меоварем, ки дар ҳамсоягӣ сабру тоқат ва таҳаммулро ба монанди мо пеша кунанд, умедворем масъалаҳои марзӣ бо кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаллу фасл мешаванд ва ҳамсоягии неки мо асрҳои аср боқӣ хоҳад монд.

Ишмуродов Ҳакимҷон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg