![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210522_085013.jpg?itok=P7rqY6zp)
Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ ва иҷрои банди алоҳидаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроия утоқи алоҳида ҷудо гардида, дар ҳамоҳангии бахши муҳоҷират ва шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия Ситоди муҳоҷират таъсис дода шуда, фаъолияти мунтаззам дорад.
Бо ҳамин мақсад аъзои ситод бо сокинони маркази ноҳия Исматуллоев Хушвахт ва Содиқов Зафар, ки дар оянда нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, машварати хукукию иҷтимоӣ расониданд.