БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО НАСЛИ ХУШБАХТИ ЗАМОН...

ШАҲРИТУС. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҳамбастаги бо  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар боғи фарҳангии ба номи «Тус»-и ноҳия бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, бахши кор бо ҷавонон  ва варзиши ноҳияи Шаҳритус, ҷавонон, фаъолон, намояндагони васоити омма  ва дигар шахсиятҳои расмӣ, ташкил ва баргузории намоишҳои варзишӣ, машқи бадан, гӯштингирӣ, қуваозмоӣ бо банд ва бозиҳои рӯи мизӣ, аз қабили теннис, шашака ва шоҳмот бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия доир гардид. Ба як қатор ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ, аз он ҷумла ба корманди ҷавони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, мудири бахши омор Замонов Азиз Сипосномаи раиси ноҳия супорида шуд.

Инчунин, дар ин чорабинии фарҳангӣ базми консертӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg