А.ҶОМӢ. Дирӯз дар кӯчаи марказии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода ва раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳим Амонзода, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ ва дастури аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҳизбӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармуҳаммад Раҳимзода бо мақсади тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суҳбати сари роҳиро оид ба омодагӣ ба ҷашни фархундаи 30 -солагии Иистиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равнақи корҳои ободонию бунёдкорӣ, риояи қоидаҳои гигиенӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ аз ҳар гуна бемориҳо ва дигар мавзӯҳои умдаи рӯз бо як қатор роҳбарияти муассисаву ташкилотҳо ва соҳибкорони муваффақи ноҳия гуфтугӯ ба амал оварданд.