
А.ҶОМӢ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо ҷалби беш аз 20 нафар волонтёрон - аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ барои ёрӣ расонидан ба хонаводаҳои зарардидагон ба маҳаллаи “Навобод”-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳия равона шуда, дар корҳои сохтмони манзилҳои зисти сокинон кумак расониданд.