БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

А.ҶОМӢ. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият рӯз то рӯз баланд гардида, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии оммавию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармуҳаммад Абдураҳмон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода иштирок ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Изҳор дошт, ки эътимоду боварии Пешвои миллат нисбати ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёд гардида, ҷавонони лаёқатмандро дар вазифаҳои роҳбарикунанда интихоб ва таъйин менамоянд. Шаҳодати гуфтаҳои болост, ки имрӯз 40%-и шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол ва собиқадорони соҳаи ҷавонон Ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб тақдим гардида ва ба барандагони Стипенди ноҳиявии ҲХДТ идрорпулиҳои моҳонаашон супорида шуд.

Дар охир ҳунармандони ҷавони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳангчиён"-и ноҳия ба иштирокчиёни ҳамоиши мазкур барномаи рангини консертӣ тақдим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg