БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ҶАВОНОН БОШУКӮҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали  баргузори   чорабиниҳои  фарҳангӣ-фароғатӣ, илмиву маърифати, оммавию варзишӣ, адабӣ-бадеӣ ва  солимгардонӣ  бахшида  ба  таҷлили  Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон  бо  ибтикори аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони  Ватан” бо  ҷавонону  наврасон чорабинии  фарҳангию фароғатӣ маҳфилҳои  базму  рақсу суруд  «Дар  доираи  як  моҳи  тараннуми  ҷавонӣ»  бо  иштироки ҷавонони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  ноҳия  ҳар  бегоҳӣ  бо  навбат дар майдони  назди  қасри  фарҳанги ноҳия  чорабинини  фарҳангӣ  таҳти  унвонӣ « Шоми  ҷавонӣ» баргузор  гардида  истодааст.

Масъулини Кумитаи  иҷроия  аъзои  намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан» ҷавононону  наврасонро ба  Рӯзи  ҷавонон  табрик  намуда, иброз  доштанд, ки ҷавонони  мо   бояд  ҳисси  баланди  миллӣ, худшиносиву  худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ  ва  садоқат ба  Ватану  миллат дошта бошанд. Барои  ободии  имрӯзу  фардои  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  ҳамеша  зираку  ҳушёр  бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg