БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН

Н.ХУСРАВ. Тибқи ҷадвали  баргузории   чорабиниҳои  фарҳангӣ-фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ, адабӣ-бадеӣ ва  солимгардонӣ  бахшида  ба  таҷлили  Рӯзи  ҷавонони  бо  ибтикори аъзои  намояндагии ТҶҶ  “Созандагони  Ватан”  дар  ноҳия бо  ҷавонону  наврасон чорабинии  фарҳангию фароғатӣ   ва   варзишӣ «Дар  доираи  як  моҳи  тараннуми  ҷавонӣ»   мусобиқаи  футбол  байни  дастаҳои  деҳоти   ноҳия ташкил  ва  баргузор  гардида  истодааст.

Масъулини Кумитаи  иҷроия  ва роҳбари   намояндагии ТҶҶ «Созандагони  Ватан»  ҷавононону  наврасонро ба  Рӯзи  ҷавонон  табрик  намуда, иброз  доштанд, ки ҷавонони  мо   бояд  ҳисси  баланди  миллӣ,  худшиносиву  худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ  ва  садоқат ба  Ватану  миллат дошта бошанд. Барои  ободии  имрӯзу  фардои  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  ҳамеша  зираку  ҳушёр  бошанд.

Байни  дастаҳои деҳаҳо  мусобиқаи  футбол  баргузор гардида истодааст, ки  то  санаи  29-  уми  май  давом  карда,  баъд  аз  он  ҷамъбаст гардида, дастаҳои  ғолиб  бо  Сипоснома  ва  туҳфаҳо   қадрдонӣ  мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg